“Standard & Poor’s” баъд аз таҳлил ба Тоҷикистон баҳо медиҳад

© Национальный банк РТПереговоры руководства НБТ с “Standard & Poor’s”
Переговоры руководства НБТ с “Standard & Poor’s”  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлилгарони Ожонсии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба Душанбе омаданд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Имрӯз таҳлилгарони Ожонсии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s”, ки барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омаданд, бо Ҷамолиддин Нуралиев муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.

Пополнение счета через банковский терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иқрори Бонки миллӣ: қарори Ҳукумат иҷро намешавад, фоизситониҳо ғайриқонуниянд

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷамолиддин Нуралиев  аз фаъолияти таҳлилӣ ва баҳодиҳии “Standard & Poor’s”, изҳори сипос намуда, ба намояндагони Ожонсии байналмилалӣ доир ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла аз зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар баробари ин боло рафтани рушди стратегӣ иттилоъ дод.

Сипас, таҳлилгари “Standard & Poor’s” ҷаноби Тревор Куллинан, аз самарабахшии нишондиҳандаҳои рейтингӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ибрози назар кард.

Дар ду моҳ ба иқтисоди Тоҷикистон $160,4 миллион сармоягузорӣ шуд

Зимни машварат ҷонибҳо масоили молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, омори тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, назорати бонкӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои матраҳшударо барои баҳодиҳии рейтингии минбаъдаи кишвар баррасӣ карданд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди раиси Бонки миллӣ барои барқарор кардани эътимоди аҳолӣ пас аз танбеҳи Президент

“Дар идома, таҳлилгарон оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳии рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла аз рӯи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таркиби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати буҷетӣ ва андозӣ, барориши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд), низоми назорати бонкӣ ва сифати дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, бозори қарзӣ ва низоми молиявӣ, инчунин сиёсати пулию қарзӣ ва ҳадафгирии таваррум сухан ронда, иброз доштанд, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумотҳои оморӣ ва иттилоотӣ, бо назардошти нақшаҳои дар оянда пешбинишаванда мебошад” – таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев, қайд кард, ҳар як баҳодиҳӣ, таҳлил ва ё рейтинг, ки аз берун ба Тоҷикистон дода мешавад, муҳим буда, барои ташаккули афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшгузор аст.

© Национальный банк РТПереговоры руководства НБТ с “Standard & Poor’s”
“Standard & Poor’s” баъд аз таҳлил ба Тоҷикистон баҳо медиҳад  - Sputnik Тоҷикистон
Переговоры руководства НБТ с “Standard & Poor’s”

“Дар баробари ин, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили асосӣ (катализатор) ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муассир арзёбӣ мегардад”, -афзуд Нуралиев.

Прокурори генералӣ, вазири молия ва раиси Бонки миллӣ дар назди Раҳмон гузориш доданд

Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Ожонсии “Standard & Poor’s” даъват кард, ки зимни гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар таъмини шаффофият бо назардошти тамоюли рушди самтҳои муваффақ ба инобат гирифта шавад.

Бонки миллӣ зикр намудааст, ки таҳлилгарони Ожонсии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” зимни сафари худ нақша доранд, бари баҳогузории рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати молия, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ аз қабили намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон мулоқоту машварат баргузор хоҳаенд кард.

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баробар ба 35-37% ММД кишвар аст

Инчунин таҳлилгарон барои шинос шудан бо раванди корҳои сохтмонӣ аз НБО “Роғун” низ, боздид хоҳанд кард.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон муваззаф шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Танбеҳи Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ: аз Нурмаҳмадзода то Нуралиев огоҳӣ гирифтанд

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии оҷикистон аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамасола дар асоси созишнома бо Ожонсии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ба роҳ монда мешавад.

ММД Тоҷикистон дар соли 2018 ба сари аҳолӣ 725 сомонӣ зиёд шуд

Ожонсии мазкур дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводҳои таҳлилӣ ва иттилоотиро ба нашр мерасонад. Ҳамасола рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз ҷониби Ожонсии “Standard & Poor’s” ду маротиба таҳия ва нашр шуда, нашри навбатии рейтинг, ки мавриди муҳокима қарор дода шудааст, моҳи августи соли равон дар назар аст.      

Лентаи хабарҳо
0