ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатие, ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишвар баргузор кард, масъалаи барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур рӯзи 15 май дар бинои Бонки миллӣ баргузор шудааст. Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин намояндагони бонкҳо ва ташкилолтҳои молиявии кишвар ҳузур доштанд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҷаласаи мазкур Ҷамшед Нурмаҳмадзода, таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа гардида буд, ҷалб намуд.
“Низоми бонкии кишвар, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои рушду такомули он фаъолияти босамар дошта бошем. Ва бо истифода аз имконияту шароитҳои мусоид баҳри бартараф намудани камбудиҳои соҳа, ки раисҷумҳур ироа намуданд, кӯшиш ба харҷ диҳем, то эътимоди аҳолиро ба бонкҳо барқарор намоем”, - гуфт Нурмаҳмадзода.
Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки миллӣ барои барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар пешниҳодҳои мушаххас кардааст.
“Татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ҳиссагузор бошад”,- қайд намудааст ӯ.
Масъулини Бонки миллӣ таъкид намуданд, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои зимни мулоқот аз ҷониби раисҷумҳури кишвар ироагардида таҳияшуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкӣ ва суғуртаро фарогир мебошад, аз ҷумла баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, истифодаи фишангҳои иловагӣ баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ва ғайра.
Масъулини Бонки миллӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои таҳия намудани пешниҳодҳои худ дастур доданд.