ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ ба далели риоят накардани қоидаҳои оббозӣ дар кишвар 55 нафар ҷон бохтаанд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин кумита рӯзи 5 июл ба сомонаи Tajikistan Times гуфтааст, ки аз ҷумлаи афроди ғарқшуда 23 нафарашро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Дар соли 2018 дар маҷмӯъ, дар махзанҳои оби Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шуда буданд. Дар соли ҷорӣ шумори ғарқшудагон дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, кормандони Раёсати ин ниҳод дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд. Ҳадафи роҳандозии ин чорабинӣ санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои оби шаҳри Душанбе буд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳамчунин сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот дар соҳилҳо низ санҷида шуданд.
Дар ин чорабиниҳо кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариро фаҳмониданд, ҳамчунин дар бораи расонидани кумакҳои аввал ба шахсони наҷотёфта нақл карданд. Дар омӯзишҳо ба ширкаткунандагон амалан нишон доданд, ки агар каси ғарқшударо наҷот диҳанд, бояд аввал чӣ кунанд ва ёриҳои аввалия чӣ гуна бояд бошанд.
Кормандони Раёсати КҲФ аз шаҳрвандон хостанд танҳо дар минтақаҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст ва дар манотиқе, ки иҷозаи шиноварӣ дода нашудааст, нараванд. Муҳимтар аз ҳама кӯдакони худро беназорат нагузоранд.
КҲФ аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар сурати шоҳид ва ё ширкаткунандаи фоҷиае ё ҳодисаи нохуше шаванд ҳатман бо телефонҳои хадамоти фаврӣ 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат намоянд.