Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умед Нуров ҳангоми оббозӣ, аз болои пули одамгузар худро ба дарё партофта, ба санг бархӯрдааст

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Зӯҳри дирӯз дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади Умед Нуров, сокини 18-солаи ноҳияи Синои аз дарё берун оварда шуд, менависад рӯзномаи Фараж.

Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар маҳалли тарабхонаи “Сим-Сим”, воқеъ дар соҳили дарёи Душанбе ба вуқуъ пайваст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ӯ ҳангоми оббозӣ, аз болои пули одамгузар худро ба дарё партофта, ба санг бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, Умед ҳамроҳ бо модараш дар бозори “Сафариён”-и назди “Автовокзал”-и Душанбе ба фурӯши меваҷот машғул будааст. 

Аз фоҷиа модару пайвандони Умедро бохабар карданд ва онҳо бо доду фиғону нола ҳамроҳ бо мардуми зиёди лаби соҳил мунтазири берун овардани ҷасад аз дарё бетоқатӣ мекарданд.

Ҳушдори Кумита: ҳар рӯзи июн дар Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд

Дар ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади Умедро аз дарё берун оварда, барои ташхиси минбаъдаи сабабҳои ҳодиса ба мақомоти марбута супурданд.

Имсол мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ 1 июн оғоз гардид ва аллакай то имрӯз  55 нафар ҳинни оббозӣ дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд.

Лентаи хабарҳо
0