ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқот доир намуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки нозири калони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Ҳокимҷон Шоҳиён гуфт, ки мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақа фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад. Ва ҳамчунин тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии коррупсия мусоидат менамояд.
Кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз рӯи нақшаи таҳиянамудаашон мунтазам дар ноҳияҳои минтақаи Рашту Файзобод ва шаҳри Роғун бо кормандони сохторҳои гуногун вохӯриҳо баргузор менамоянд.