ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар рейтинги тозанашри ташкилоти ғайридавлатии Transparency International (Мубориза бо коррупсия) нисбат ба соли гузашта 15 зина поин рафта, мақоми 151-умро гирифтаст.
"Эҳтимол шумо шунидаед, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ коррупсия набуд. Ин дурӯғи маҳз аст. Гап сари он аст, ки фасод шакли дигар дошт. Манфиатҳо ва имтиёзҳо барои коргарон-ин низ як шакли коррупсия аст",-гуфт Нисневич дар сӯҳбат бо Sputnik Узбакистон.
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи камтарини коррупсия дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ин кишвар дар зинаи 131-ум қарор гирифтааст. Баъд Қирғизистон-136 ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон (151) аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сеюмин кишвари мубориз бо фасод дониста шудааст. Поёнтар Туркманистон-154 ва Узбакистон-156 ҷойгир шудаанд.
Рейтинги Transparancy International бар асоси назарпурсии коршиносони ин ё он давлат ташкил дода мешавад. Барои дохил кардани кишвар ба рӯйхати такшилот бояд фикри на кам аз се манбаъ ба назар гирифта шавад.
SA improved by 1 point on the #CPI2016, released today by @anticorruption, but #corruption still a serious problem https://t.co/EzROjEN77h
— Corruption Watch (@Corruption_SA) 25 января 2017 г.
Дар раддабандии тозанашри созмон Дания пешсаф буда, зинаҳои дуюму сеюмро Зеландияи Нав ва Финландия ишғол кардаанд. Чандин сол пайдарпай дар мақомҳои охирини рейтинг Кореяи Шимолӣ, Сомали ва Судон ҷойгиранд.
Ёдовар мешавем, ки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон, коррупсияро дар кишвар яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи Тоҷикистон гуфт.
Президент қайд кард, ки бар асоси тадқиқот дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст.