ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Фаррух Ҷалолов, сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан худро “корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон барои мубориза бо ҷинояткорон маблағ талаб мекардааст.
“Муттаҳам аз Шукуров Шералӣ Исоқбоевич, сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”, деҳаи Чӯянгарон хостааст, ки барои адои қарзи шаҳрвандиаш дар ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ кӯмак кунад”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.
Манбаъ афзуд, ки ба ҳамин восита Ҷалолов Фаррух аз Шукуров давоми моҳҳои январ- феврали соли 2018 “барои гузаронидани амалиёт оиди ошкор намудани ҷиноят” 12 ҳазору 50 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Тибқи иттилои Ожонс тафтиши парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Ҷалолов ба итмом расида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.