ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Файзуллоев Солеҳҷон, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошинаш набаромада дар наздикии тарабхонаи “Барбаросса”- и шаҳри Хуҷанд як нафар пиёдагардро пахш намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур 3- юми июли соли равон тахминан соати 22:10- дақиқа рух додааст.
Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Ласети», Файзуллоев Солиҷон Саидҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шахри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти бинои “Автодром” ба самти боғи “Наврӯзгоҳ”, дар назди тарабхонаи “Барбаросса”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Турсунбоев Алишер Абдукаримовичи 37- сола, сокини н.Б.Ғафуровро пахш намудааст,- таъкид намудаст вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео
Зимнан манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, бо бардоштани ҷароҳатҳои шаддиди ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Вазорати умури дохилаи тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон ҳодискаи мазккур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор дорад.