ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикстон аз як садамаи маргбори дигар хабар дод, ки дар ноҳияи Варзоб рух додааст. Дар натиҷа духтариҷавоне, ки 25 сол доштааст, ба ҳалокат расидааст. Фирӯза, дар назди ҷойи кораш шоми 21 июн ба садамаи маргбор дучор шудааст.
Гуфта мешвад, 21-уми июни соли 2019, тахминан соати 21:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота-Кемри", Ҳайдаров Муҳаммадҷон Фирӯзович, соли таваллудаш 1999, сокини кӯчаи Якачинори шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, дар ҳудуди маркази ноҳияи мазкур, дар назди тарабхонаи "Давлатзода" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.
Ду садамаи маргбори нақлиётӣ дар Кӯлобу Гулистон: ҳалокати кӯдаки дусолаву соҳибкори ҷавон
Дар натиҷаи ронандаи "Тойота" пиёдагард, Сангинова Фируза Асроровна, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Варзоб, пешхизмати тарабхонаи "Давлатзода"-ро, ки роҳи мошингардро аз рост ба чап мегузашт, зада аз пой меафтонад.
Дар ин лаҳза автомашинаи тамғаи "ЗИЛ", таҳти идораи ронанда, Раҷабов Асадулло Тавакулович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ки аз тарафи маркази ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, ӯро пахш намудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш, пиёдагард Сангинова Ф.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки вазорат қариб ҳамарӯза аз ҳодисаи маргбори садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бештари ҳолатҳо, ба иттилои манбаъ, ронандагон аз ӯҳдаи идораи нақлиёт намебароянд.