Аз иқтисод то мубориза бо терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ

© МИД РТМулоқоти Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, мушовири аршади Раиси Афғонистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Мулоқоти Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, мушовири аршади Раиси Афғонистон  бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, мушовири аршади Раиси Афғонистон зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар масоили дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, табодули назар кард

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 3 июл Сарпарасти вазорати молия ва мушовири аршади Раиси Афғонистон Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмиро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст дидору гуфтугӯ кард.

Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати баландпояи Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот ҷонибҳо дар масоили дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар  карданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати баландпояи мақомоти Афғонистон барои иштирок дар  ба Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон омаданд.

Суҳбати Раҳмон бо додситонҳои ИДМ дар бораи марз бо Афғонистон ва қочоқи силоҳу нашъа

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 4-5 июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон  доир мегардад.

Барои иштирок дар кори ҷаласаи Комиссия имрӯз, 4 июл ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молияи ин кишвар ва сармушовири президенти Афғонистон ба Душанбе омаданд.

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 08.11.2018 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъият дар Афғонистон нигаронӣ кард

Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи дурӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, кумитаи ҳифзи муҳити зист, саноат, нақлиёт, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғурта мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0