ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои узви СААД-ро ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон мебошад, ҷалб намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри қарори қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи расонидани кумак ба Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” афзудааст, ки таҳияи лоиҳаи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон” вусъат бахшида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки алайҳи зуҳуроти номатлуби аср, бахусус терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромилӣ низ бояд муборизаи муштарак бурда шавад.
Дар ҷаласа инчунин изҳороти сарони давлатҳои узви СААД “Дар бораи чораҳои ҳамоҳангшуда нисбати нафароне, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд” ва беш аз 18 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расид.
Дар кори ҷаласа баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин президенти Русия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.