ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 4-5 июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон доир мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.
Барои иштирок дар кори ҷаласаи Комиссия имрӯз, 4 июл ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молияи ин кишвар ва сармушовири президенти Афғонистон ба Душанбе меоянд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи дурӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ мекунад.
Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти печидаи Афғонистон
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, кумитаи ҳифзи муҳити зист, саноат, нақлиёт, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғурта мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, ҷаласа то 5 июл идома ёфта, дар фарҷом миёни ҷонибҳо протокол ба имзо мерасад.