Бонки Марказӣ гуфт кадом пулҳои коғазиву филизӣ, дигар ба кор намераванд

CC BY-SA 2.0 / Patrick Barry / Uzbek moneyУзбекские деньги, архивное фото
Узбекские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Узбакистон эълон кард, ки аз 1 июли соли равон баъзе аз пулҳои коғазиву филиззиро аз муомилот хориҷ мекунад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Узбакистон аз аввали моҳи июл пулҳои коғазиву филиззии 50 ва 100-сӯмии кӯҳнаро аз муомилот хориҷ мекунад, иттилоъ додаастт дафтари матбуоти Бонки марказии Узбакистон.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ тангаҳои навро ба муомилот ворид кард

Тибқи иттилои манбаъ, акнун ин пулҳои коғазиву филиззӣ ҳангоми хариду фурӯш дигар ба кор намераванд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Бонки марказии Узбакистон эълон намуданд, ки пулҳои кӯҳнае, ки дар муомилот боқӣ мондааст, аҳолии кишвар метавонад дар хазинаҳои Бонки марказӣ ба пулҳо ва сикаҳои нав иваз намоянд.

Пулҳои навбаромади 10 то 500 сомонӣ дар Тоҷикистон: эълони Бонки миллӣ

Ёдрас мешавем, ки пулҳои 200 ва 500 сӯмии кӯҳна то 1 июли соли 2020 дар муомилот гардиш хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки солҳои пеш масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки бо манзури фарсуда шудани пулҳои хурд дар муомилот тангаҳои филизии навро ба муомилот мебароранд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, гуфта буд, "ин имконият медиҳад, ки фарсудашавии худи асъор камтар шавад ва тангаҳои филизӣ, тавре Шумо медонед, истифодабарии он нисбат ба пулҳои коғазӣ бештар аст."

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Дар Тоҷикистон тангаҳои филизӣ дар солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017 ба муомилот бароварда шудааст. Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 тангаҳои филизии 1, 3, 5 сомонӣ ва 10, 20 ва 50 дирам омода шуданд.

Бонки Миллӣ ҳаҷми пулҳои филизӣ танҳо то соли 2015-ро нашр кардааст, ки ба беш аз 31 миллион сомонӣ баробар буд.

Пули миллии сомонӣ, ки ба ифтихори поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, дар 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баромад.

Лентаи хабарҳо
0