Бонки миллӣ тангаҳои навро ба муомилот ворид кард

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон аз ворид кардани тангаҳои нав ба муомилот хабар дод. Ба иттилоъи ин танзимкунандаи сиёсати пуливу молиявии Тоҷикистон арзиши тангаҳо баробар ба тангаҳои солҳои қабл истеҳсолшуда баробар аст.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бонки миллӣ тангаҳои 5,10, 20 ва 50 дирамиро ба муомилот баровард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии БМТ.

Қарори марбута дар ин бора рӯзи 28 май ба имзо расидааст.

Ба қавли манбаъ, тангаҳои нав бо тангаҳои дар солҳои 2001, 2006 ва 2011 вориди муомилотшуда баробар дониста мешаванд. Пештар намунаҳои коғазии ин навъи хурди воҳиди пули Тоҷикистон ҳам дар муомилот буд, ки Бонки миллӣ чанд сол пеш аз нашри онҳо худдорӣ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0