Раҳмон дар Тоҷикобод мошин тӯҳфа карду майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ намуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ба кормандони Шабакаҳои барқӣ Тоҷикобод 2 мошин тӯҳфа кард ва сипас майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро ифтитоҳ намуд.

Эмомали Рахмон в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Тоҷикобод рафт

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад.  

Бинои маъмурии Шабакаҳои барқро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.

Манбаъ қайд намудааст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия бо чунин имконият ва шароити муосири корӣ дастрасӣ надоштанд.

Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: роҳро ба сифати баланд созед, то ки он солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат кунад

“Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ кормандону масъулини шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи раисҷумҳур хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқи хушсифат ҷоннок мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардидааст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.

Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд

Манбаъ зикр намудааст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президент бо ҷараёни бунёди Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки боғи мазкур то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон пурра сохта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0