ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуори раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳи марказии шаҳраки Дарбанд дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта аст.
Манбаъ қайд намудааст, ки зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯш карда шуд.
Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз шуда буд. Дар ин давра корҳо аз рӯи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва гирду атрофро ҷиҳати рафтуои бемамоният бартараф намуд.
Расиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшид. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд шуда, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то ки роҳ солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.
“Қобил зикр аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ дар ҳудуди ин шаҳраки тозабунёд буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои гуногун, дар ин ҷо дигар корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшокӣ ва корез, барқ, сохтмони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ дар назар дошта шудаанд”,- таъкид намудааст манбаъ.