ВМКБ: генерал Аламшозода далели ҳамдигарфаҳмиро гуфт

© ВКДАламшозода зимни суханронӣ дар ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ
Аламшозода зимни суханронӣ дар ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аламшо Аламшозода зимн суханронӣ дар ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ далели аслии ҳамдигарфаҳмиро гуфт

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бо ибтикори роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид

Бино ба иттилои ВКД, дар чорабинӣ муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, генерал лейтенанти милитсия Аламшо Аламшозода, раиси вилоят Ёдгор Файзов муовинони раиси вилоят,  роҳбарияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва занони собиқадор ширкат карданд.

Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн)  Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва  Нусратулло Мирзоев - Sputnik Тоҷикистон
Аз тавсифи мардум то таҳқири кормандон: ҳисоботи Аламшозода аз натиҷаҳо дар ВМКБ

Аламшозода зимни суханрониаш гуфтааст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад ва дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву осоиштагӣ ва рӯзи барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

"Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор ба пеш рафта истодаем, далели равшани ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад",-гуфт генерал.

Аламшозода афзудааст, ки ин дастоварди нодир, яъне тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки маҳз дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши созгор дорад.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Ташвиши Файзов аз “фирори мағзҳо”-и ВМКБ: аз рӯи таҳсил дар хориҷа 1-анд, аммо намегарданд

Дар идома, раиси вилоят Ёдгорн Файзов, вобаста ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар фазои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар замони истиқлолият бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас ҷой дошта, шароити зиндагии мардум беҳтар гардидааст.

Ҳамчунин дар кори конференсия маърӯзачиён дар мавзӯҳои «Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии он барои халқи тоҷик», «Нақши Ҳизби халқӣ –демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили Ваҳдати миллӣ» ва дигар мавзӯҳои вобаста ба ин санади тақдирсоз ва аҳамияти таърихии он суханронӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0