ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Файзов дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон гуфт, камчинии муаллимони ҷавон барои мо имрӯз мушкилоти рақами як мебошад.
Ӯ зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон вазъияти куҳистонро ба назар гирифта барои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон квотаро барои дохил шудан ба мактабҳои олии мамлакат ду маротиба зиёд гардонданд, ки барои мо хеле муҳим мебошад.
Раиси ВМКБ таъкид кард, ки ҷавонони вилоят аз рӯи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар ҷои якум қарор доранд, аммо баъди хатм ба Ватан барнамегарданд.
“Дохилшавии донишҷӯён ба Донишгоҳҳои олӣ аз вилоят дар дохили кишвар дар ҷойи дуюм мебошад берун аз кишвар бошад дар ҷойи аввал меистад, лекин мутаасифона онҳо баъд аз хатм кардани донишгоҳ ба Ватан бар намегарданд ин боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳам яке аз роҳҳои кам гардидани мутахассисони ҷавон дар вилоят мебошад”, - изҳор дошт Файзов.
Ӯ аз ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳо падарону модарони хоҳиш кардааст, ки нисбати ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд ва нисбати муаллимоне ки имрӯз фаъолият карда истодаанд, эҳтиром дошта бошанд.
Раиси ВМКБ дар навбати худ ваъда додааст, ки талош мекунанд, бо дастгирии Ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон барои додани имтиёзҳои иловагӣ барои муаллимон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ин дар ҳолест, ки феълан қарори Ҳукумат “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” имкон медиҳад, ки муаллимони ҷавон барои бенавбат гирифтани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо дастрасӣ дошта бошанд.