Аз тавсифи мардум то таҳқири кормандон: ҳисоботи Аламшозода аз натиҷаҳо дар ВМКБ

© дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣГенерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн) Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва Нусратулло Мирзоев
Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн)  Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва  Нусратулло Мирзоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилӣ ва сардори РВУД дар ВМКБ аз натиҷаҳои кори мақомот дар вилоят тайи соли 2018 ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Генерал Аламшоҳзода, ки ҳамзамон роҳбари Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ мебошад, зимни нишасти матбуотӣ соли 2018-ро давраи гардиши муҳим дар таъмини волоияти қонун дар ВМКБ хонда, аз ҳамкории мардум тавсиф кард.

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҳишахона барои чиниҳо дар Душанбе: асорат ва фурӯши бевазанҳо ошкор шуд - видео

Ӯ ҳисобот дод, ки аз  398 ҷинояти дар соли 2018 сабтшуда 326 ададаш дар се моҳи фаъолияти ситод ошкор шуд.

“Аз ҷумла, аз гурӯҳҳои ҷинояткор 362 намуд силоҳи оташфишон мусодира гардид. Қисмати бештари он ба таври ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ супурда шуд”, - иттилоъ додааст “Ҷумҳурият” аз қавли Аламшоҳзода.

Манбаъ афзудааст, ки 25 нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта дастгир ва 7 нафари онҳо барои ҷиноятҳои содирнамудаашон равонаи зиндон гардиданд.

“Аксари ин ҷинояткорон ихтиёран ба мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ омада, ба гуноҳашон иқрор гаштанд. Ба ин далел, дар асоси қонунгузорӣ ба онҳо ҷазои нисбатан сабук татбиқ карда шуд”, - таъкид кардааст генерал.

Ӯ илова намудааст, ки аз ҷониби нозирони БДА 9 ҳазору 179 далели қонуншикании ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба 68 нафар 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, 80 нафар ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шуд.

Церемония присвоения очередных званий сотрудникам милиции - Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти махсус баъди ҳушдори Зувайдзода барои берун кардани нозирони БДА аз Душанбе

“Дар ин давра, барои дахолат, таҳқир ва монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 40 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 164 мошини сиёҳшиша  боздошт ва соҳибонашон дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”, - иттилоъ додааст Аламшоҳзода.

Ӯ илова намудааст, ки дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 2130 воситаи нақлиёт аз муоинаи ҳатмии техникӣ гузаронда шуда, барои қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба 413 нафар волидон ҷаримабандӣ шудаанд.

Муовини аввали вазири умури дохилӣ таъкид намудааст, ки ин натиҷаҳо  бо  дастгирии бевосита ва ҳамкории сокинони шаҳри Хоруғ ба даст омадаанд.

Лентаи хабарҳо
0