Зулайхо дар Афғонистон: аз сӯҳбати "мева"-и орзуқ то маънии таронааш - "худам намедонам"

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зулайхо дар арафаи таҷлили Иди Фитр ба Афғонистон сафар карда, консерт гузоштааст. Зоҳиран овозхони тоҷикро дар кишвари ҳамсоя хело гарм пазироӣ карданд. Шояд ҳаяҷон дар назди мухлисони афғонаш бошад, ки ӯ ҳангоми сӯҳбат бо ровӣ дар ҷое мегӯяд, ки орзуқ ном меваро тоҷикон дӯст медоранд ва дар ҷое иқрор мешавад, ки маънии як мисари таронаашро худаш ҳам намедонад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳунарманди номии тоҷик Зулайхо Мамадшоева дар арафаи таҷлили Иди Фитр бори аввал ба Афғонистон сафар карда, дар барномаи "Ҳилоли ид"-и телевизиони "Тулӯъ" иштирок кардааст. 

Тавре дар наворе, ки канали "Вэй ту Афганистан"-и Ютуб нашр шудааст, дида мешавад, овозхон дар ин барнома чанд таронаашро иҷро ва дар байни он бо ровии барнома сӯҳбат низ мекунад.

Сурудҳои Мамадшоеваро мухлисони афғон хело гарм пазироӣ мекунанд, аммо вақте ӯ бо ровӣ сӯҳбат мекунад, дар ҷое орзуқро чун мева тасвир мекунад ва ҷое маънии як мисраи таронаашро тавзеҳ дода наметавонад ва самимона иқрор мешавад, ки "худаш ҳам намедонад". 

"Бастам, бастам, дил ба ту бастам"-ро ман фаҳмида будам, лекин намефаҳмидам, ки шумо мегӯед, "чӣ ҷурӣ мардӣ?", - мепурсад ровӣ аз маънии таронаи "Мамнунам".

Зулайхо бошад, дар посух мегӯяд, ки "ин танҳо як оҳанги  ман аст ва ба хотири мардум аст ва худам ҳам намефаҳмам чист " ва механандад. Ин гуфтаҳои самимонаи ҳунармандро мухлисон бо қарсак ва ханда пешвоз мегиранд.

Ҷои дигаре ровӣ мепурсад, ки "оё ба назари Зулайхо ид дар Тоҷикистон ва Афғонистон якранг аст?" ва тавзеҳ медиҳад, ки аз лиҳози дастархонороӣ мепурсад.

Зулайхо дар посух мегӯяд, ба фикри ӯ ид дар ду кишвар яранг аст, зеро дар Тоҷикистон низ иди Рамазону Қурбон аз бузургтарин идҳо ба шумор мераванд.

Ровӣ боз аз ҳунарманд мепурсад, ки "шумо сари дастархон дар ид кадом меваҳоро мемонед - чи мемонед барои хӯрдан барои меҳмон?"

"Зиёд орзуқ мемонем - як чизест, ки бисёр мардуми тоҷик дӯст доранд" - мегӯяд вай.

Ва дар посухи суоли "орзуқ чӣ аст ва рангаш чигуна аст?", ҳунарманд меафзояд, ки "рангашро намефаҳмаду аммо медонад, ки ҳама онро дӯст медоранд".

Сита Косими, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сита Қосимӣ: мо - афғонҳо орзу дорем, ки мисли Тоҷикистон кишваре дошта бошем

Зулайхо Мамадшоева яке аз ҳунармандони номӣ ва муваффақи тоҷик аст. Ӯ худро шогирду пайрави ҳунарманди номии тоҷик Манижа Давлатова меномад.

Намоҳангҳои Зулайхо дар Ютуб миллионҳо тамошобин доранд, ки то имрӯз ин дастовард дар шабака ба каме аз ҳунармандони тоҷик даст додааст.

Ҳунарманомии Зулайхо дар Афғонистон дар ҳолест ки пештар ҳунармандони афғонистонӣ Ғизол Иноят ва Сито Қосимӣ борҳо меҳмони Тоҷикистон шуда буданд.

Боре раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сухандонии Ғизол тавсиф низ карда як сӯҳбаташро бо рӯзноманигори тоҷик ёдрас шуда буд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Агар соатҳо сӯҳбат мекард, ман гӯш мекардам: тавсифҳои Эмомалӣ Раҳмон аз Ғазал Иноят

"Бениҳоят сухандон ва босавод, на ин ки сарояндаи хуб, на ин ки бо забони дарии тоҷикӣ, балки бо забони ҳиндӣ, лекин дар сухангӯи ба дараҷае босавод, бо забони ширини дарии тоҷикӣ ҳарф мезанад",- гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабинӣ дар театри опера ва балети Душанбе.

Аммо, - нигарон шуда буд, раисҷумҳур, - агар баъзан ҳунармандони тоҷикро ба телевизион даъват кунанд, дар як сӯҳбати оддӣ бо лаҳҷа сухан мекунанд.

"Баъзан санъаткорои моро ба назди телевизион даъват кунанд, ҳамин як сӯҳбати оддӣ, намедонум, намехурум гӯён гап мезананд",- афзуд раисҷумҳур.

Раисҷумҳур дар охир қайд мекунад, агар соатҳо рӯзноманигор бо Ғизал Иноят сӯҳбат мекард, ӯ гӯш мекард.

Орзуқ — як навъ хӯриши нонист, ки аз орду тухм, равған ва каме шакар пухта мешавад. Орзуқ дар Тоҷикистон хӯриши хушхӯри идҳои суннатӣ ва ҷашни арӯсӣ ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0