ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас маросиме дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назди ҳозирон ва ҳунармандони тоҷик ҳарф зада, суханронии овозхони афғонӣ Ғазал Иноятро мадҳ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, чанде пеш ба Тоҷикистон як овозхони афғонӣ омада буд ва дар телевизион бо рӯзноманигоре мусоҳиба кард, ки тамошо кардааст.
"Ба наздики як духтараки афғон дар Душанбе буд. Агар касе гӯш карда бошад, бе ниҳоят сухандон ва босавод будааст",- мегӯяд кишвардори Тоҷикистон.
Касе ки дар назди раисҷумҳур меистод, луқма мепартояд, духтари афғон- Ғазал Иноят буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар посух мегӯяд, "ман намашро намедонам, аммо мусоҳибаи ӯро дар телевизион бо рӯзноманигоре тамошо кардам".
Раисҷумҳур меафзояд, вай овозхонии Ғазал Иноятро бо забони форсӣ дар назар надорад, балки дидааст, ки бо забони ҳиндӣ ҳам месарояд, лекин дар сухангӯӣ раисҷумҳурро мафтун кардааст.
"Бениҳоят сухандон ва босавод, на ин ки сарояндаи хуб, на ин ки бо забони дарии тоҷикӣ, балки бо забони ҳиндӣ, лекин дар сухангӯи ба дараҷае босавод, бо забони ширини дарии тоҷикӣ ҳарф мезанад",- мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.
Аммо, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон, агар баъзан ҳунармандони тоҷикро ба телевизион даъват кунанд, дар як сӯҳбати оддӣ бо лаҳҷа сухан мекунанд.
"Баъзан санъаткорои моро ба назди телевизион даъват кунанд, ҳамин як сӯҳбати оддӣ, намедонум, намехурум гӯён гап мезананд",- илова мекунад раисҷумҳур.
Раисҷумҳур дар охир қайд мекунад, агар соатҳо рӯзноманигор бо Ғазал иноят мулоқот мекард, ӯ гӯш мекард.