Сита Қосимӣ: мо - афғонҳо орзу дорем, ки мисли Тоҷикистон кишваре дошта бошем

© AFP 2023 / FARSHAD USYANСита Косими, архивное фото
Сита Косими, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди афғон мегӯяд, орзу мекунад, ки кишвараш мисли Тоҷикистон пур аз хушиву дур аз ғамҳо бошад ва умед мекунад, ки рӯзе Афғонистон сулҳ ба даст меорад

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Базми наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат ботантана таҷлил шуд. Дар базми наврӯзии шаҳр на танҳо ситораҳои тоҷик ба монанди Шабнам Сурайё, Зулайхо Мамадшоева, Фаридуни Хуршед, Сироҷиддин Фозилов ва Афзалшои Шодӣ иштирок доштанд, балки ситораҳои кишварҳои ҳамсоя Узбакистон - Севинч Муминова ва Афғонистон - Сита Қосимӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ҳошияи ҷашн хабаргузории "Тоҷикистон таймс" бо ситораи афғон Сита Қосимӣ мусоҳиба кардааст. Сита дар ин сӯҳбаташ гуфтааст, ки Тоҷикистон барояш тимсоли кишвари сулҳу шодӣ аст ва орзу мекунад, ки кишвараш Афғонистон низ мисли ин ҷумҳурӣ муваффақ шавад.

Хотираҳои Андӣ Мададиён аз Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Андӣ: Дар Тоҷикистон ҳатто президент мусиқиро ташвиқ мекунад

- Тоҷикистон ба шумо писанд аст?

- Бисёр Тоҷикистонро дӯст дорам.

- Дӯстони афғони мо мегӯянд, ки кош рӯзе мерасид, ки зиндагии мо чун дар Тоҷикистон мебуд.

- Рост мегӯянд. Мо ҳам орзу дорем, мисли мамлакати шумо як кишвари ободу муваффақ дошта бошем, мамлакати пур аз хушиҳову дур аз ғамҳо.

Бештар дар Тоҷикистон чӣ чиз писанди шумо омад?

- Дар Тоҷикистон аз "алиф" то "ё" ҳама чиз писанадам аст.

- Ин ҷо дӯсте доред?

- Бале, бо тамоми сарояндагони Тоҷикистон дӯстӣ дорам.

- Ҳамкорӣ ҳам мекунед?

- Иншоаллоҳ мекунем.

- Чанд рӯз дар Тоҷикистон мемонед?

- Дақиқ намедонам, ки чанд рӯз хоҳам буд, ду-се рӯзи дигар мемонам.

-Сита, мехоҳам чанд ҳарф дар бораи худатон бигӯед.

- Ситаи Қисомӣ ҳастам, ҳунарманди Афғонистон ва мардуми Тоҷикистонро бисёр дӯст дорам. Мардуми ҳунарпарвари Тоҷикистонро дӯст дорам ва умедворам, ки доим дар Тоҷикистон шодӣ бошад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Агар соатҳо сӯҳбат мекард, ман гӯш мекардам: тавсифҳои Эмомалӣ Раҳмон аз Ғазал Иноят

- Чаро овозхониро пеша кардед?

- Овозхонӣ шавқи ман аст, овозхони ишқи ман аст.

- Аз чандсолагӣ рӯи саҳна ҳастед?

- Аз бистсолагӣ.

- Овозхони дӯстдоштаатон кист?

- Тамоми ҳунармандонро дӯст дорам. Аҳмад Зоҳирро бештар.

- Чанд сол аст, ки дар Олмонед?

- Қариб 18 сол мешавад, ки дар Олмонам.

- Он ҷо ба ягон касби дигаре машғул ҳастед?

- Не, ягон пешае надорам, зеро ватқе ман ин ҳунарро интихоб кардам, наметавонистам, ки пешаи дигарро интихоб кунам. Ман ҳунари худро бештар тарҷеҳ медиҳам.

- Бештар аз кадом шоирон шеър интихоб мекунед?

- Аз шоирони муваффақи кишварамон Сайид Сомеъ, Носирҷони Нодир, Ҷовид Фарҳод ва дигарон.

- Кадом суруд бисёртар писанди шумост?

- Тамоми ашъорро дӯст дорам, як шеър аз аст, ки роҷеъ ба зан аст ва ман онро меписандам.

Глава правительства Афганистана Абдулло Абдулло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро исломӣ кунем: Абдуллоҳ ҷузъиёти суҳбати Мулло Умар бо Аҳмадшоҳ Масъудро гуфт

Оинаи қарнҳои хуршед манам,

Гаҳвораи махмали умед манам,

Ки суйи ман аз парчами озодӣ

Дар кӯчаи шаб садои ноҳид манам

Боз кун дар, ки манам ҳамнафасам, ҳамватанам, ман ки занам

Мушт ба девори сиёҳ мезанам.

- Девори сиёҳ кадом аст?

- Тамоми бадбахтиҳои Афғонистон.

-Шумо паси ин торикӣ рӯшаниро мебинед?

-Бале, умед мекунем. Инсон ба умед ва шайтон ноумед аст.

- Хуш омадед ба Тоҷикистон.

- Муташаккирам.

Лентаи хабарҳо
0