Бонки Ҷаҳонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода масоили обёрӣ дар водии Зарафшонро муҳокима карданд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредставители Всемирного банка обсудили с главой Согдийской области проблемы водоснабжения в долине Зарафшана
Представители Всемирного банка обсудили с главой Согдийской области проблемы водоснабжения в долине Зарафшана   - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо доир ба масъалаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Раҷаббой аҳмадзода бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” мехоҳад вориди бозори Суғд шавад

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар кишвар ба рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи таъминоти оби полезӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин самт илова бар маблағгузориҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи молиявӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои мухлалиф низ татбиқ гардида истодааст. Яке аз чунин лоиҳаҳо “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ба ҳисоб меравад, ки он то соли 2020 пурра татбиқ мегардад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи беш аз 16 миллион доллар татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани инфрасохтор ва ҳолати обёрӣ дар водии Зарафшон мебошад.

Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст ва бо анҷоми пурраи корҳо сатҳи обрасонӣ беҳтар гардида, заминҳои бекорхобида азхуд карда мешаванд.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми водии Зарафшон ба Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд?

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вобаста ба корҳои анҷомёфта маълумот дода, қайд намуданд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа агрегатҳои нав насб ва агрегатҳои фарсудаи пойгоҳҳои обкашӣ таъмир гардида, ҳолати каналҳои обрасонӣ беҳтар карда мешавад ва ҳамзамон обченкунакҳои замонавӣ насб мегарданд.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо зикр намуданд, ки дар самти беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обрасонӣ, тоза намудани канал ва заҳбуру заҳкашҳо ва бо ин васила баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар оянда низ лоиҳаҳои навро амалӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0