Мардуми водии Зарафшон ба Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд?

© Foto / Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ошноӣ бо бунёдкориву созандагӣ, боздид аз иншооти гуногун ва суҳбат бо мардум ба водии Зарафшон рафтааст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар чорчӯби ин сафар раиси вилоят арзу шикоятҳои мардумро қабул кардааст.

Нимаи аввали рӯз 80 нафар сокинони касбу кори гуногун ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шахсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳҳо, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ, масъалаҳои марбут ба саҳми замин, баҳси миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъсиси корхонаҳои хурди дӯзандагиву ҳунаромӯзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, дарёфти кумаки моддӣ ва дигар масъалаҳо ба роҳбари вилоят муроҷиат намудаанд.

Зимни баррасии муроҷиатҳои сокинон Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва масъулини мақомоти вилоятиро муваззаф намудааст, ки барои ҳалли масъалаҳои сокинон чораандешӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят дар шаҳри Панҷиканд идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 20 январ раиси вилояти Суғд арзу шикоятҳои шаҳрвандонро қабул карда, мушкили онҳоро ҳал кардааст.

Лентаи хабарҳо
0