ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Дар Тоҷиистон дар 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш бо забони русӣ 17 ҳазору 778 нафар хонанда таҳсил менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Гулистон дар истинод ба Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Тавре манбаъ иттилоъ джодааст инчунин, дар ҷумҳурӣ 159 муассисаҳои таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуданд. Дар ин муассисаҳо 68007 хонанда таҳсил менамоянд.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон дар 185 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 85 ҳазору 785 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Манбаъ зикр намудааст, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба ин самт, ҳанӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ норасоии муаллимони русӣ ба назар мерасанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 8 ҳазору 615 нафар омӯзгорон аз фанни забони русӣ дарс мегўянд, ки аз онҳо 7 ҳазору 288 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.
Бино бар иттилои манбаъ, солҳои охир дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки ба норасоии омӯзгорони ин фан рӯ ба рӯ шудаанд, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омӯзгорон тайёр намуда, тақрибан камбуди омӯзгоронро аз байн бурдаанд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҷониби Русия дар соли хониши 2018 – 2019 26 омӯзгорони фанҳои гуногунро ба Тоҷикистон равон кард.
Манбаъ қайд намудааст, ки мақсад аз омадани ин омӯзгорон расонидани ёрии методӣ аз фанҳои таълимӣ ба омӯзгорони тоҷик буда, дар ин раванд аз ҷониби онҳо таълимоти дарсӣ низ ба роҳ монда мешавад. Бештари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо омӯзгорон аз Русия фаъолият мекунанд, аз кори онҳо розианд ва хоҳиши давом додани шартномаи кориро бо онҳо доранд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави кишвар ба анҷом расонида шуда, барои тасдиқ ба Русия фиристода шудааст. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.
Айни ҳол дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ирсол карда шудааст.
Масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ низ дар мадди аввал будааст Вазорати маориф ба қадри имкон китобҳои дарсӣ нашр карда, ба муассисаҳои таълимӣ ирсол медиҳад. Инчунин аз соли 2017 то ба имрӯз аз тарафи Русия 11 ҳазору 95 нусха китобҳои дарсии фанҳои гуногун дастраси хонандагон гардидааст.