Омӯзгорони рус дар бораи Тоҷикистон: зеҳнияти тоҷикону русҳо зиёд монандӣ дорад

© Амир ИсаевРоссийские учителя прилетели в Душанбе
Российские учителя прилетели в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи 1 сентябри соли равон гурӯҳи дуюми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон омаданд

ДУШАНБЕ, 3 Сент — Sputnik. Дар арафаи 1 сентябр, соли нави хониш гурӯҳи омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ин гурӯҳи дуюми омӯзгорони рус мебошад, ки вориди Тоҷикистон шуданд. Ин барномаи байналмилалӣ тайи ду соли ахир фаъолият дорад.

Ирина Сулжина, омӯзгори рус аз Кемеровои Русия тасмим гирифтааст қарордоди кориашро дар Тоҷикистон боз барои як соли дигар тамдид намояд. Вай дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе омӯзгори забони русӣ ва адабиёт мебошад.

Валентина Матвиенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи сафед: дидори Матвиенко бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд

"Барои мо фазои мусоиду гарм ташкил карда шудааст. Зеҳният ё менталитети тоҷикону русҳо монандӣ дорад. Ба ҳамин хотир мо зуд ба Тоҷикистон одат кардем. Мардуми тоҷик бисёр некхоҳу озод мебошанд", — гуфт Ирина Сулжина.

Вай гуфт, ғайр аз дарсҳои оддӣ, омӯзгорон миёни талабаҳо мусобиқаву олемпиадаҳои зиёде мегузаронанд. Аз ҷумла Ирина Сулжина, дар ташкил ва гузарондани имлои умумӣ иштирок намудааст.

Ба гуфтаи омӯзгор, соли гузашта озмуни интихоби омӯзгорон дар Кемеровои Русия барои кор дар Тоҷикистон, бисёр мушкил буд. Интихоби омӯзгорон дар Русия бо чанд меъёр сурат мегирад. Аз ҷумла теъдоди балҳои талабаҳо дар имтиҳони ягонаи Русия, теъдоди талабаҳое, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ пирӯз шудаанд, мусобиқаҳо ва иштироки талабаҳо дар олемпиадаҳои Русия, ба назар гирифта мешуд. Ҳамин тавр барои кор дар Тоҷикистон, омӯзгорони бо таҷриба интихоб шуда буданд.

"Дар инҷо одамони тасодуфӣ нестанд", — таъкид кард вай.

Экзамен по русскому языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бештар-беҳтар: Русия гуфт, ки имсол ба Тоҷикистон чанд омӯзгор мефиристад

Инчунин Ирина Сулжина, дар мавриди сатҳи дониши мактабхонҳои тоҷик изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳам монанди Русия истеъдодҳои фавқулода чандон зиёд нестанд. Аммо толибилмони лаёқатманд хеле зиёд мебошанд.

Омӯзгор Галина Иванова низ ба Тоҷикистон аз Кемерово омадааст. Писари ӯ дар Тоҷикистон як сол аст, ки кор мекунад.

Галина афзуд, ки вай дар бораи Тоҷикистон аз талабаҳои тоҷикаш, ки дар Русия омӯзиш медодааст, маълумот гирифтааст.

Қаблан Игор Шаповалов, муовини раиси департаменти ҳамкориҳои байналмилалии вазорати омӯзиши Русия иттилоъ дода буд, ки беш аз 50 омӯзгори рус дар Тоҷикистон аз соли нави хониш ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард. 

Лентаи хабарҳо
0