Матвиенко ва Убайдуллоев аз ҳоли омӯзгорони рус дар Душанбе хабар гирифтанд

© Фото : сайт МПА СНГГлава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Глава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар Душанбе аз мактабҳое, ки омӯзгорон аз Русия дар он ҷо кор мекунанд, боздид намуданд

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар доираи ин сафар бо омӯзгорони рус низ мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Шӯрои Федератсия,  Валентина Матвиенко муҳимияти лоиҳаи таълимие, ки дар асоси он ба мактабҳои Тоҷикистон муаллимҳо аз Русия фиристода шудаанд, тасдиқ кардааст. Вай изҳор доштааст, ки Русия ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ давом медиҳад.

Валентина Матвиенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи сафед: дидори Матвиенко бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд

Матвиенко ба омӯзгорони мактабҳо ва Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон китобҳои дарсию методӣ ва адабиёти бадеӣ бо забони русӣ тақдим кардааст.

Ин иқдоми гуманитарӣ фаъолияти омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон тайи ду соли охир амалӣ шуда истодааст. Қарор дар бораи ин лоиҳа аз ҷониби роҳбарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин қабул шуда буд. Шӯрои Федератсияи Русия пешбарандаи ин барнома мебошад.

Ёдрас мешавем, ки соле қабл раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко пешниҳод карда буд, ба Тоҷикистон омӯзгоронеро, ки барои таълим додан дар ин кишвар тайёранд, мефиристад. Омӯзгорони фиристодаи Русия дар мактабҳои Тоҷикистон забони русӣ, физика, кимиё, биология ва информатика таълим медиҳанд.

Глава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко ба Петербург рафт

Имсол беш аз 50 омӯзгори рус ба Тоҷикистон равон шуданд. Соли гузашта дар мактабҳои Тоҷикистон 29 омӯзгор аз Русия фаъолият карда буданд.

Омӯзгорони русро дар Тоҷикистон ҷониби Русия бо маош таъмин кунад, Тоҷикистон онҳоро бо ҷои истиқомат ва хизматрасониҳои коммуналӣ таъмин менамояд.

Зиёда аз 20 омӯзгор, ки соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолият карданд, соли равон низ шартномаро тамдид намуда, дар кишвар таълимро идома дода истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0