Қадрдонии кӯдаки тоҷик барои наҷоти дӯсташ аз чоҳи оби ҷӯш дар Русия - видео

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия Бахтиёр Усмонов, хонандаи синфи 3-и мактаби кадетиро, ки дӯсташ – Славаро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, қадрдонӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Маросими супоридани сипоснома ба Бахтиёр 11 июн дар мактаби рақами 23, ки кӯдаки тоҷик дар он таҳсил мекунад, дар назар аст, иттилоъ дод хабаргузории "Хабаровский край сегодня".

Мухиддин Музаффар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Филми “Тангно” дар шаҳри Қазон соҳиби ҷоиза гардид

Ҳодисаи нохуш 27 май дар кӯчаи Дежнёви Хабаровск рух додааст. Слава, ҳангоми бозӣ ба чоҳи оби ҷӯш афтида,  аммо дӯсташ Бахтиёр ӯро берун кашида наҷот додааст. Бадани Слава 40 дарсад сӯхта, дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. Табибон мегӯянд феълан ҳолати Слава беҳтар шудааст, аммо ҳадди ақал то ду моҳи оянда дар бемористон хоҳад монд.

Ба нақли Бахтиёр, Слава хост аз болои чоҳи оби ҷӯшида, ки бо тахта пӯшида шуда буд, биҷаҳад, аммо пешпо хӯрду ба даруни он афтид. Дар пайи он, ки Бахтиёр дӯсташро берун овардааст, ҳамсояҳо низ ба кумак шитофтанд.

Бахтиёр ҳамроҳи бародараш дар синфи “кадетӣ” таҳсил мекунад ва ба варзиш машғул аст.

Автомобиль скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашии ду духтари маст сӯи кӯдаки тоҷик дар Петербург

Волидонаш Муслима ва Рустам Усмоноваҳо мебошанд. Падари хонавода бо писаронаш ду соли қабл ба Хабаровск омада, дар мағозаи назди ҷои истиқоматашон ба ҳайси муҳофиз кор мекунад. Модари Бахтиёр дар Тоҷикистон мондааст.

Бахтиёр Усмонов ба расонаҳои маҳаллӣ изҳор доштааст, ки аллакай бисёри корҳои хонаро ёд гирифтаанд, аз ҷумла пухтупаз ва шӯстушӯйро ҳамроҳи бародари калонияшон анҷом медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0