ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар шаҳри Петербург ду духтари маст бо корд ба писари даҳсолаи тоҷик ҳуҷум карданд. Дар ин бора "Невские Новости" хабар медиҳад.
Ҳодиса дар ноҳияи Кирови ҳамин шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст.
Чанде пеш шаҳрванди Тоҷикистон ба мақомоти пулиси Русия муроҷиат кардааст, ки ду духтар ба писари 10-солааш бо корд ҳамла кардаанд. Писар бо захмҳои бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.
Пизишкон муайян карданд, ки писари тоҷик аз сар ва гарданаш захмӣ шудааст.
Пас аз баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мақомоти қудратии Петербург духтари 15 соларо ҳамчуни гумонбар дастгир кардаанд. Ин духтарак изҳор доштааст, ки ҳамроҳи дугонаи 17-солааш нӯшикоҳои спиртӣ нӯшида, дар назди хонаи рақами 4 дар кӯчаи Двинский бо писаре тахминан 10-сола ошно шудаанд.
Пас аз чанде дугонааш бо кӯдак ба гараж рафтаасту аз он ҷо овози додгӯӣ баланд шудааст.
Ба гуфти боздоштшуда, аввал ӯ аз тарс аз ҷои ҳдиса ғайб задааст, вале пас аз чанде бозгаштаасту дар ҷои ҳодиса боздошт шудааст.