ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Филми бадеии “Тангно”-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар дар 15-ум Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон ҷоизаи “Беҳтарин сенарияи филми пуррамераж”-ро соҳиб шуд.
Маросими супоридани ҷоиза ба ин филм шоми дирӯз баргузор шуд.
Дар 15-ум Ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои мусалмонии Қазон – 2019 маҳсули дастранҷи филмсозони 44 давлати дунё иштирок карданд ва Шоҳҷоизаи он насиби филми бадеии “Суруди дарахт”-и коргардони қирғиз Айбек Дайирбеков шуд.
Филми бадеии “Тухм” коргардони турк Семих Капланоглу ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” гардид ва филми “Тангно”-и коргардони тоҷик ҷоизаи беҳтарин сенарияро сазовор гардид.
Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ" ва ба коргардонии Муҳиддин Музаффар таҳия ва сохта шудааст. Филм асосан дар зодгоҳи нависанда, деҳаи Амондараи шаҳри Панҷиканд ва қисман дар шаҳри Маскав наворбардорӣ шудааст.
Филм муамоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро бозтоб дода, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати тоҷиконро бозгӯ кардааст ва аз сахтии рӯзгори Армон ном писараке қисса мекунад, ки падараш ба Русия рафтаву дигар бар нагаштааст. Нақши аслиро дар ин филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.
Ҳунармандони шинохтае чун Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ дар ин филм нақш иҷро кардаанд.
Гуфтанист, ки дар филми "Тангно" ҳунарпешаҳои наве низ бозӣ кардаанд, ки аз роҳи ҳунарозмоӣ интихоб шудаанд. Аз ҷумла дар ин филм беш аз 10 кӯдаки 4 то 13-сола нақш бозӣ кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки нахустнамоиши филми ҳунарии "Тангно" сохтаи "Суғдсинамо" 6 сентябри соли 2017 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуда буд