ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Беш аз 300 намоянда аз кишварҳои ҳамсуд барои ба даст овардани иҷозатнома барои назорати интихоботи президентӣ дар Қазоқистон ба Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар дархост равон намуданд, иттилоъ додааст штаби ҳайати нозирон аз кишварҳои ИДМ.
“Ташкили ҳайати нозирон аз кишварҳо ҳамсуд идома дорад. Беш аз 300 намоянда аз кишварҳои ҳамсуд барои ба даст овардани иҷозатнома барои назорати интихоботи президентӣ дар Қазоқистон ба Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар ҳуҷҷат равон намуданд”, -гуфта шудааст дар хабаре, ки дар сомонаи кумитаи иҷроияи ИДМ ба нашр расидааст.
Миёни нозирон намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳодия ба назар мерасад.
Инчунин, дар сомона гуфта шудааст, ки ҳоло ҳайат аз ҷараёни интихоботи навбатии Президентӣ дар Қазоқистон назорат мебарад. Аз ҷумла аъзоёни ин ҳайат ҷараёни интихоботро бо роҳбари Шӯрои конститутсионӣ ва Вазорати умури дохилаи ин кишвар баррасӣ намуданд.
“Нозирони кишварҳои ҳамсуд дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон иштирок намуда, аз шаффарияту фазои озод таъкид мекунанд. Ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар бори аввал аст дар шакли конференсияи видеои сурат мегирад”, - гуфт манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки 20 марти соли равон баъд аз 30 соли роҳбарӣ Нурсултон Назарбоев собиқ раисҷумҳури Қазоқистон вазифаашро тарк кард. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, эълон шуд, ки қаблан роҳбари палата болоии парлумони кишвар буд. Интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистон 9 июни соли равон баргузор мегардад. То ҳол барои рақобат ба курсии президенти 7 нафар сабти ном шудааст, аз ҷумла Тоқаев.