Имрӯз ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва тарҷумон, шоири шаҳир, устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад.
Мирзо Турсунзода дар соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор чашм ба олам кушода пас аз фавти модар дар парваришгоҳ тарбият гирифт ва таҳсил кард.
Оқои Турсунзода аввал донишкадаи омӯзгорӣ ва сипас, дар солҳои 1927 ио 1931 дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд омӯзиш дидааст.
Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба унвони корманди адабӣ фаъолият кардааст.
Нахустин китоби Мирзо Турсунзода дар соли 1932 бо номи “Байрақи зафар” мунташир гардид, ки аз ду-се шеър ва чанд ҳикоя дар бораи комсомол, бунёди сусиёлисм, даъват ба таҳсил ва мубориза алайҳи "босмачигарӣ", буд.
Мирзо Турсунзода муаллифи осори назарписанде чун “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ҳасани аробакаш”, “Духтари муқаддас”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ”, “Ҷони ширин” ва “Аз Ганг то Кремл” буда ва барои китоби “Садои Осиё” дар соли 1960 ҷоизаи Ленини Иттиҳоди Шӯравӣ ва барои китоби “Ҷони ширин” ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дарёфт карда буд.
Ҳамчунин, ӯ дром ва филномаҳои зиёде навиштааст, ки “Шӯриши Восеъ”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Арӯс”, “Писари Ватан”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Ҳасани аробакаш” ва “Аз Ганг то Кремл” аз ҷумлаи ин осори ӯст.
Зимнан, дар соли 1967 бо Фармони раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Мирзо Турсунзода унвони “Қаҳрамони меҳнати сусиолистӣ” ва дар замони касби истиқлоли Тоҷикистон “Қаҳрамони Тоҷикистон” эъто шуд.