Истгоҳи метроро дар Узбакистон ба номи Мирзо Турсунзода гузоштанд

© FacebookМетро в Ташкенте
Метро в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истгоҳи Мирзо Турсунзода дар хати ноҳияи Сергелийи вилояти Тошканд ҷойгир шудаст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Яке аз истгоҳҳои нави метро дар Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода гузошта шудааст.

Истгоҳ дар хати ноҳияи Сергелийи вилояти Тошканд ҷойгир аст.

Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин хати метро ҳоло сохта шуда истодааст. Интизор меравад, ки онро то соли 2019 мавриди истифода қарор диҳанд.

Метрои Тошканд 40 сол пештар, соли 1967 сохта ба истифода дода шуда буд. Он аз чор хат иборат буда, ҳоло тарҳи  хатҳои иловагии он омода мешавад.

Ҳукумати Узбакистон ба нақша гирифтааст, ки ҳати ҳалқаии метроро бо 35 истгоҳ бунёд кунад.

Лентаи хабарҳо
0