Барандагони ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода эълом шуданд

© Фото : Из личного архива ОзарахшаПоэт Озарахш, архивное фото
Поэт Озарахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Толиб Озарахш, Файз Ашӯр ва Давлат Раҳмониён барандаи ҷоизаи адабии Мирзи Турсунзода шуданд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ номи барандагони ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзодаро эълом кард.

Чуноне ки Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони тоҷик, ба хабарнигори Sputnik гуфт, имсол "ҷоизаи Мирзо Турсунзода"-ро се шоир — Толиб Озарахш, Файз Ашӯр ва Давлат Раҳмониён дарёфт хоҳанд кард.

Вай таъкид кард, ки "ҷоизаи Мирзо Турсунзода" дар ду сол як бор ба шоъирон дода мешавад ва барои нависандаҳо "ҷоизаи устод Садриддин Айнӣ" дар назар гирифта шудааст..

Ато Мирхоҷа афзуд, ки барои дарёфти ҷоизаи Мирзо Турсунзода панҷ шоъир рақобат доштанд, ки аз се касашон сазовору шоистатар дониса шуд.

Чунончи, Толиб Озарахш барои маҷмуъаи "Девони ишқ", Файз Ашӯр барои маҷмуъаи "Аз пайроҳа то роҳ" ва Давлат Раҳмониён барои силсилаи шеърҳои ватандӯстона сазовори ҷоизаи Мирзо Турсунзода шудаанд.

Маросими дарёфти ҷоизаҳо дар моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд ва ҳар як аз барандагон маблағи як ҳазор дулор дарёфт хоҳанд кард.

Толиб Озарахш шоъир ва рӯзноманигори шинохта, ҳамсари шоъири тавоно Фарзона аст ва пештар аз ин ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандиро низ дарёфт карда буд.

Ҷоизаи Мирзо Турсунзодаро шоироне чун Ҳақназар Ғоиб, Гулназар Келдӣ,  Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Ҳоҷӣ Мурод ва Султон Шоҳзода низ дарёфт кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0