ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Ба гузориши РВУД, шоҳидони ҳодиса бехабар аз асли қазия, онро ҳамчун ҳолати “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе афзуд, дар пайи санҷиш муайян шуд, ки ҳодисаи мазкур, на “облава”, балки нақзи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ду ҷавон мебошад.
“Муайян карда шуд, ки санаи 23 апрел дар назди Боғи афсона, воқеъ дар кӯчаи “Спартак” шаҳрванд Наврузов Ифтихор Нурмаҳмадович соли таваллудаш 2001 бо шаҳрванд Ҳусейни Маҳмадризо, соли таваллудаш 2001 ҷанҷол намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас шудаанд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Ин ниҳод афзуд, ки нисбати дастгиршудагон, тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, - майдаавбошӣ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пешниҳод гардид.
Додгоҳи Душанбе ҷавонони муттаҳам дар майдаавбоширо ба ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 385 сомонӣ ҷарима бастааст.
Раддияи РВУД дар ҳоле нашр мешавад, ки дар навори ахиран паҳншуда дар интернет талоши бо зӯр ворид кардани ҷавонон ба як худрави сабукрав сабт шуда буд, аммо ҷавонон бо пойфишорӣ раҳо мешаванд. Ронандаи мошин, ки либосҳои мулкӣ дошт, бо дидани таваҷҷуҳи мардум рақами мошинашро канда, пинҳон намуд.
Феълан дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад, ки бархе онро мавсими "облава" унвон кардаанд. Тибқи гузоришҳои нашршуда, бархе аз шаҳрвандон дар ин мавсим ҳадафи “облава” – ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ қарор мегиранд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншиканиҳо ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ интиқод карда, дастур дода буд, ки бештар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бештар карда шаванд.