ВУД: Соддиқов барои носолим сабт кардани даъватшаванда 1000 доллар хост

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкДоллары США, архивное фото
Доллары США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз ошкор шудани як ҳодисаи гирифтани пора аз сӯи корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik.  Тибқи иттилои Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд, Содиқов Суҳроб, коргузори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонони комиссариати ҳарбии шаҳри  Конибодом бо сӯиистифода аз мақоми мансабӣ, барои аз хизмати ҳарбӣ  озод намудани як даъватшавандаи 24-сола, 1000 доллари амрикоӣ пора талаб намудааст. 

Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: маош дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ аз 6 то 19 фоиз афзоиш ёфт

РВУД дар вилояти Суғд мегӯяд, Содиқов барои носолим ва ғайриқобили хизмат ҳуҷҷатгузорӣ кардани як сокини маҳаллӣ, аз модараш дар моҳи июли соли 2018, як ҳазор доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб намудааст. Ба иттилои манбаъ, муттаҳам дар ҳамон лаҳза 30 ҳазор рубли русиро 500 доллар ҳисоб карда,  гирифтааст ва  баъдан овардани маблағи боқимондаро талаб намудааст.  

“Санаи 10 апрели соли равон дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони раёсати минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВУД дар вилояти Суғд ва прокуратураи шаҳри  Конибодом шаҳрванд Содиқов С. В., аснои  гирифтани 5 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дар бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом дастгир шуд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти РВУД дар вилояти Суғд. 

Манбаъ афзуд, аз рӯи ин ҳодиса нисбати коргузори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонони комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом бо моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои порагирӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0