Додгоҳи Хабаровск зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОчередь, архивное фото
Очередь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълум шудааст, ки зодаи Тоҷикистон пештар барои узви созмони тундрав будан, суд шудааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Зодаи Тоҷикистонро барои пешниҳоди маълумоти бардуруғ зимни гирифтани шаҳрвандии Русия, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд.

Дар ин бора нашриёти маҳаллӣ бо такя ба ФСБ хабар медиҳад.

Додгоҳи марказии ноҳияи Хабаровск шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард. Шаҳрванди Тоҷикистон ба гуноҳи худ иқрор нашуда, ба додгоҳи олӣ аризаи шикоятӣ додааст, вале додгоҳи олӣ қарори додгоҳи ноҳиявиро тағйир надодааст.

Актриса и певица Наталья Орейро - Sputnik Тоҷикистон
"Ман рус ҳастам!": Наталия Орейро аз Путин шаҳрвандӣ хост

Маълум шудааст, ки зодаи Тоҷикистон пештар барои узви созмони тундрав будан, суд шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Эстония ба як зодаи Тоҷикистон шаҳрвандӣ медиҳад.

Ҳукумати Эстония қарори вижаеро дар бораи додани шаҳрвандии кишвар ба як зодаи Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст.

Ба ба иттилои ҳукумати ин кишвар, марди тоҷик барои ин бояд аз шаҳрвандие, ки феълан дорад, даст кашад.

Лентаи хабарҳо
0