Вазъи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ташвишовар будааст

© wikimedia.org/IbrahimjonПри въезде в Куляб, архивное фото
При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини ҳукумати вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорону сармоягузорон эълон намуданд, ки вазъи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ташвишовар буда, барқарорсозии онҳо таҳти назорати ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии соҳибкорону сармоягузорон бо роҳбарияту масъулони бахши иқтисодии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Рабочий на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор маҳалӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишӣ месозад

Бино бар иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур масъалаи дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзудааст, ки масъулин зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон эълон намуданд, ки дар шаҳри Кӯлоб вазъи корхонаҳои саноатӣ ташвишовар буда, барқарорсозии онҳо таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Азҷумла зимни мулоқот масъулин зикр намуданд, ки рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ бояд боло бардошта шавад.

Дар вохӯрии мазкур, масъулини ҳукумати ноҳияи Хатлон қайд намуданд, ки  ки айни ҳол дар вилоят 25 ҳазору 873 нафар соҳибкорон бо патент ва 6085 нафар бо шаҳодатнома ва 67 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият мекунанд.

Инчунин масъулин таъкид намуданд, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 16 январи соли 2019, дар вилоят 511 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба мараторий фаро гирифта шудааст.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мактаб – интернати рақами 1-и Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор Муродов хонаи ятимони Душанберо бо харҷи 6,8 миллион таъмир кард

Дар ҳамин ҳол масъулуини ҳукумати вилояти Хатлон ёдрас шуданд, ки ҳоло дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ 542 ададро ташкил менамояд.

Манбаъ қайд намудааст, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар вилоят бунёди 6060 адад биною иншоот ва корҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0