ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мактаб – интернати мазкурро соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, мудири ширкати “Сарманзил” бо харҷи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ таъмир кардааст.
“Дар оянда соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов нақша дорад, ки барои бошандагони мактаб - интернат ҳавзи шиноварӣ, барои омӯзгорон як хобгоҳи замонавӣ ва барои нигаҳдории маводҳои хӯрокворӣ сардхона сохта ба истифода диҳад”, - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Маҳмудҷон Муродов барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумат ва ва анҷоми корҳои хайр изҳори сипос карда, шахсан ба ҳар як тарбиятгирандаи мактаб - интернати рақами 1 тӯҳфаҳо, аз қабили сару либоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хониш тақдим кард.
Муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятими кул, 10 бепарастор, 38 нафар бе модар ва 225 нафар бепадар буда, аз онҳо 78 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.
Роҳбарияти Душанбе ба хонандагон як адад автобуси нав, барои синфхонаҳо тахтаи электронӣ ва компютерҳои нав тақдим намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст ва бо гузашти солҳо шароити будубоши он ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.