ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Соҳибкори сохибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишӣ месозад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Бино бар иттилои манбаъ, бо ташаббуси сохибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сохтмони маҷмааи варзишӣ аз қабили тенниси рӯи миз, бадминтон ва дигар намудҳои варзишӣ оғоз гардида буд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир 60 дарсади корҳои сохтмони ба анҷом расонида шуда, маҷмааи мазкур дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода карор дода мешавад.
Манбаъ зикр намудааст, ки маҷмааи варзишӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта шуда, дар он тамоми ҳамоишҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.