Пешгирӣ: чаро дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои бо Афғонистон ҳамсарҳад заҳрдору пошиданд?

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкКомар
Комар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар таҳлилҳо қайд мешавад, ки дар Афғонистон хатари гирифторшавӣ ба бемории вараҷа бузург аст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар соли соли 2018 дар Тоҷикистон ба ноҳияҳои бо Афғонистон ҳамсарҳад барои пешгирии вараҷа заҳрдору пошиданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Таҳлилҳои нишон додаанд, ки дар Афғонистон сатҳи сироятёбӣ ба вараҷа тариқи хомӯшакҳо зиёд аст. 

Фонендоскоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ҶТ: иҷрои барномаи коҳиши бемориҳои камбуди эминӣ, вараҷа ва сил хушоянд нест

"Мусаллам аст, ки хомӯшакҳои вараҷаовар  паҳнкунандаи  вараҷа маҳсуб мешаванд ва манбаъи бемории вараҷа бошад маҳз шахси бемор аст. Бидуни манбаъ, яъне инсон ва бе паҳнкунандаҳо- хомӯшакҳо бемории вараҷа вуҷуд дошта наметавонад. Хушбахтона, айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на манбаъи ин беморӣ ҳаст ва на ягон  маҳаллии хуруҷкунандаи он. Барои пешгирӣ мо ҳатто манбаъҳои эҳтимолии пайдоиши бемории вараҷаро безарар кардем. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ" сарфи назар аз набудани манбаъи хурӯҷи бемории вараҷа соли 2018 дар масоҳати  3306529 метри мураббаи ноҳияҳои бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад заҳрдору пошид", - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ меафзояд, ҳарчанд хатари гирифторӣ ба вараҷа дар Тоҷикистон ночиз аст, ҳамоно дар қаламрави он аз газидани хомӯшакҳо  боэҳтиёт бошанд.

Бояд гуфт, ки далелҳои роҷеъ ба болоравии сатҳи сироятёбӣ ба бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баҳсбарангезанд. Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, сатҳи сироят ба вараҷа дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то андозаи назаррас коҳиш ёфтааст, таъкид мекунад вазорат.

Насвай. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкон: фарзанди зани тамокукаш бо нуқсон тавлид мешавад

Вараҷа бемории сироятӣ ба ҳисоб рафта, тавассути  хомӯшакҳои  хунмаки вараҷаовар  паҳн мегардад.  Сироят дар ҷисми инсон ба масунияти шадид рӯ ба рӯ мешавад, ки таби баланд, ларзиш ва камхунӣ нишонаҳои он аст. Ҳарорати баланди бадан давра ба давра такрор меёбад.  Дар сурати заҳролудшавии босуръати ҷисм  эҳтимолияти марг аз хунравии луобпардаҳо, варами мағзи сар, варамҳои рӯдаю меъда, ҷигар ва гурдаҳо ба бемор таҳдид мекунад.

Имрӯзҳо дар ҳар  30 сония дар олам як нафар кӯдак аз ин беморӣ ҷон дода, теъдоди гирифторони ин беморӣ дар як сол то ба 200-300 миллион нафар мерасад. Бо назардошти ин, айни ҳол мубориза бар зидди бемории вараҷа барои соҳаи тандурустии аксар кишварҳои сайёра чун мушкилоти ҳалталаб баҳогузорӣ мегадад. Аз рӯи баҳодиҳии коршиносони Ташкилоти  Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ сатҳи беморӣ ва фавт аз бемории вараҷа дар кишварҳои қитъаҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ташкилот ва созмонҳои марбута ва дар умум кулли мардуми дунё баҳри рафъ намудани ин беморӣ ҳамасола 25 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа қайд карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0