ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дирӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати "Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку" мизи гирди "Тамоку — таҳдид ба рушди инсон" баргузор шуд.
Коршиносони пизишкии Тоҷикистон, созмонҳои мардумниҳод дар ин мизи гард бар зарурати қабули қонуни манъи тамокукашӣ таъкид карданд.
Бино ба гуфтаи намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO) дар Тоҷикистон Игор Поканевич, Конвенсияи мубориза бо тамоку солҳо пеш қабул шуда ва дар 50 кишвари урупоӣ раво шудааст. Тоҷикистон ин санадро соли 2013 тасвиб кардааст.
Коршиносон мегӯянд, ки ҳар тамокукаше на танҳо саломатии худро осеб мерасонад, балки наздиконашро низ зиён мерасонад. Онҳо аз афзоиши тамокукашӣ дар миёни наврасон ва ҷавонон нигаронӣ карданд.
"Масрафи тамоку сабаби афзоиши мизони бемориҳои дилу раг дар бузургсолӣ, бемориҳои саратон, афзоиши маргумир аз бемориҳои андоми нафаскашӣ мегардад", — гуфтанд коршиносон.
Коршиносони пизишкии Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз тамокукашии бонувон бисёр нигаронанд. Каму беш 90 дарсад аз занони тамокукаш ҳатто дар замони бордорӣ ҳам аз ин одати бадашон даст намекашанд. Таъсири тамоку бар ҷанин эҳтимоли мурда зода шудан ва камбудҳои модарзодро бисёр бештар мекунад.
Чунончи, тамокукашӣ дар замони ширмаконӣ сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод шуда, дар кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад ва кӯдаконро дардманду камтавон гардонад.
Ҳамасола дар ҷаҳон аз масрафи тамоку камобеш 6 милюн кас ҷон мебозад, ки ин нишондод назар ба марг аз бемориҳои вируси норасоии эмании инсон, сил ва вараҷа басе бештар аст.
Аз рӯи таҳлилҳо дар сурати пешгирӣ нашудани ин амали номатлуб, теъдоди тамокукашон то соли 2030 аз 8 млн нафар хоҳад гузашт.
Ин мизи гирд бо ибтикори Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, Иттифоқи масрафкунандагон ва Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон баргузор шуд.