ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Беҳрӯз Саидов 4 августи соли 2018 тахминан соати 1:00 бо рафиқонаш - Фарҳоди Ҳоким, Азимов Фаридун ва Худойдодов Ғарибшо ба маркази дилхушии “Галаксӣ”-и шаҳри Душанбе рафта, ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки дар ин миён Саидов Беҳрӯз ба майдон ба рақс баромада, бо Раҳмонзода С.А ҷанҷол кардааст. Муҳофизони маркази дилхушӣ дар паий ин қазия Саидов ва дӯстонашро берун кардаанд.
Бар асоси иттилои додгоҳ, Беҳрӯз Саидов ҳамроҳи шариконаш дар берун Раҳмонзодаро мунтазир шудаанд. Вақте Раҳмонзода дар пайи хайрухуш бо дӯстонаш сӯи мошин равон будааст, Беҳрӯз Саидов аз пушт бо корд ҳамла кардааст.
Бар асоси парванда, Саидов ду бор бо корд ба қисмати камари чапи Раҳмонзода зарба задааст ва ҷабрдида худро ба ақиб партофта, аз зарбаи сеюм раҳоӣ ёфтааст.
Сипас Саидов ба тарафи кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе гурехта, дар наздикии нуқтаи фурӯши сузишвории “Газпромнефт” пеши роҳи мошини “Киа-Оптима”, таҳти идораи Фазлиддин Мусоевро гирифтааст.
Ба иттилои додгоҳ, Саидов ба ронанда бо корд таҳдид мекунад, ки мошинро зуд ронад, аммо ронанда дар ҳолати ҳаяҷон чӣ кор карданашро надонистааст. Дар ин ҳолат нафарони дигаре, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, ронандаро аз мошин берун баровардаанд, аммо Саидов ба хотири дастгир нагардидан ҳамоно ба атрофиён бо корд таҳдид мекардааст.
Дар мурофиа зикр шудааст, ки муҳофизони “Галаксӣ” ва дӯстони Раҳмонзода ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, аммо шарикони Саидов нагузоштаанд, ки муттаҳамро дастгир кунанду дашномдиҳӣ ва ҷанҷолро идома додаанд.
“Танҳо бо омадани кормандони ҳифзи ҳуқуқ Саидов безарар гардида, ҳамроҳи шариконаш дастгир мегарданд”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Додгоҳ ин қазияро баррасӣ карда, Саидов Беҳрӯзро ба 12 сол, Худойдодов Ғарибшо - 2,5 сол, Фаридун Азимов - 2 сол ва Фарҳоди Ҳокимро ба 2 соли зиндон маҳкум кардааст.