Ҳукми Азизов барои латукӯби дӯстдоштааш – Малика дар маркази Душанбе - аксу видео

© дафтари матбуоти РВУД ДушанбеХуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе
Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби Малика Соҳибназарова, дар маркази Душанберо дар авбошӣ гунаҳкор дониста, ба 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Азизов Хуршед Абдунаимович, сокини шаҳри Душанбе 1 марти марти соли 2019 ҳамроҳи рафиқонаш ба маркази дилхушии “Галакси”, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ омадаанд.

Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи боздошти Азизов барои латукӯби духтари 23-сола дар назди тарабхонаи Галаксӣ -видео

“Худи ҳамон рӯз соатҳои 05:30 дақиқаи пагоҳӣ ба Азизов дӯстдоштааш Соҳибназарова Малика Имомназаровна телефонӣ занг задааст ва хабар додааст, ки ӯ ҳам дар кӯча мебошад ва барои сайругашт баромадааст. Азизов ҷавобан ба ин хабар, ки дӯстдоштааш бе иҷозати ӯ ба кӯча баромадааст дар ғазаб омада, охиронро фармудааст, ки ба наздаш ба маркази дилхушии “Галаксӣ” ҳозир шавад”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

© Суд района Исмоили СомониСудебный процесс над Азизов Хуршед жителя Душанбе за избиение девушки
Ҳукми Азизов барои латукӯби дӯстдоштааш – Малика дар маркази Душанбе - аксу видео - Sputnik Тоҷикистон
Судебный процесс над Азизов Хуршед жителя Душанбе за избиение девушки

Бар асоси иттилои додгоҳ, вақте Соҳибназарова ҳозир мешавад, Азизов Хуршед ӯро дар ҷои ҷамъиятӣ, дар кӯча, дар назди роҳгузарон бо додани дашному ҳақоратҳои қабеҳ лату кӯб намудааст.

“Азизов ҷабрдидаро бо лату кӯб ба бағочи автомашинаи тамғаи “Тойота Камрӣ”-и рафиқаш маҷбуран бор карда,  баъди доду фиғони Соҳибназарова, ӯро аз бағоч кашола намуда, ба нишастгоҳи  қафои автомашина савор намудааст ва ҳамин тавр ҷои ҳодисаро тарк кардааст”, - тавзеҳ додааст додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Азизов Хуршед дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳашро тасдиқ карда, хоҳиш намудаст, парвандааш бо тартиби содкардашуда баррасӣ гардад.

© Суд района Исмоили СомониСудебный процесс над Азизов Хуршед жителя Душанбе за избиение девушки
Ҳукми Азизов барои латукӯби дӯстдоштааш – Малика дар маркази Душанбе - аксу видео - Sputnik Тоҷикистон
Судебный процесс над Азизов Хуршед жителя Душанбе за избиение девушки

Ҷабрдида Соҳибназарова Малика изҳор доштааст, ки нисбати Азизов даъво надорад ва аз додгоҳ дархост намуд, ки нисбати ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад.

Додгоҳ Азизовро ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда, зикр намудааст, ки ӯ ҳақ дорад, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Навори латукӯби Малика Соҳибназароваи 23-сола аз ҷониби Азизов аввали моҳи март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, баҳсбарангез шуд. РВУД Душанбе дар пайи нашри навор аз боздошти ҷавони муттаҳам хабар дода, афзуд, ки алайҳи ӯ барои авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0