Маҳбас ислоҳ накард: ҷинояткори қаблан зиндоншуда боз боздошт шуд

© Foto / PUBLIC DOMAINПродажа украшений. Архивное фото
Продажа украшений. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини деҳаи Роҳи Сотсиализми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд, аз сӯи кормандони милитсия боз барои дуздии ҷавоҳирот дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik.   Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милистия марди 22-солаи  сокини деҳаи Роҳи Сотсиализми ноҳияи А.Ҷомӣ, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Тибқи иттилои манбаъ ахиран ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ зани 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми марти соли равон  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 10 ҳазор  сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия марди 22-солаи сокини деҳаи Роҳи Сотсиализми ноҳияи А.Ҷомӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0