ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қароре ба имзо расонд, ки тибқи он 27 апрел маъракаи “Кушодашавии мавсими мотосиклронӣ-2019” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.
Манбаъ афзудааст, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорони чорабинӣ Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” мебошад. Ҳаракати қатораи иштирокчиён бо ҳамроҳии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВУД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии “Боғи “Ғалаба” ва нигоҳдории ҷангал ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар машқгоҳҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Сарбанду Турсунзода пойгаи мотосиклронӣ доир карда мешавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол теъдоди дастаҳои дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Ҳоло варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, маҳорати хуб нишон медиҳанд.
Аз ҷумла, варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии ҷамъияти мудофиавии ҷумҳурӣ Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов дар Мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд. Иштироки онҳо дар ин мусобиқаи варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, шаҳодати ба арсаҳои баланди ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони риштаи мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар мусобиқаҳои пойгаи мотосиклронӣ созмонҳои мудофиавии шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ёвон, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштироки дастаҳои мунтахаби худро пайваста таъмин менамоянд.
Мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ миёни мухлисон маҳбубият пайдо намудаанд.