ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе қарори нави раиси шаҳр Рустам Эмомалиро мунташир кардааст.
Қарори раиси шаҳр дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ аз 11 апрел таҳти рақами 212 ба имзо расидааст.
Мувофиқи қарор, мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ рӯзи 20 апрел, соати 1400 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Барои баргузории пойга Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 20 700 сомонӣ ҷудо хоҳад кард.
Ба пойга беҳтарин аспсаворони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.
Дар ҷойи баргузории мусобиқа барномаи фарҳангӣ низ баргузор карда мешавад.
Ёдрас мешавем, пойгаи аспдавонӣ дар ҳошияи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор хоҳад шуд.