ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши як рубли нақди русӣ дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0,1476 то 0,1495 сомонӣ мебошад.
Манбаъ, арзиши 1 доллари ИМА-ро дар бозори нақд аз 9,4394 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,6722 то 10,7000 сомонӣ арзёбӣ кард.
Қурби расмии 1 доллари ИМА дар бозори ғайринақдӣ 9,4394 сомонӣ, 1 евро – 10,6722 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1476 сомонӣ арзёбӣ гардид.
Аммо ниёзмандони доллар дар кишвар мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар дар саррофиҳои Тоҷикистон амри муҳол аст ва арзиши аслии доллар болотар аз ин нишондод мебошад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба камбуди асъори хориҷӣ таъкид карда, ба масъулин барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дорад.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон иттилоъ дод, ки барои нақзи қонун зимни муомилот бо асъор алайҳи гунаҳкорон 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.
“Фаъолияти 15 нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор қатъ карда шуд”, - таъкид дошт додситони кул.