Чӣ гуна Осиёи миёнаро аз доллар раҳо кард

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомонӣ, рубли русӣ ва дигар намуди пулҳои кишварҳои Осиёи Миёна дар тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон метавоананд дар муомилот бошад, барои амалӣ кардани ин танҳо мувофиқа лозим аст

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Вадим Попов. Тоҷикистон барои маблағгузории молу колои воридотиаш бо ягон кишвар бо асъори сомонӣ ҳисобӣ намекунад, барои ҳамин кишвар маҷбур аст ҳамеша доллар харидорӣ намуда ниёзҳои худро қонеъ гардонад.

Доллари амрикоӣ ва сомонии тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ

Мушкили норасоии долларро махсусан ҳангоми баланд будани фисати қарзи давлатӣ аз дигар кишварҳо, метавон ба осонӣ эҳсос кард, ки ин Тоҷикистонро ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор мегузорад.

Аммо ба ҳар ҳол роҳҳои ҳали ин мушкилӣ вуҷуд доранд.

Ҷои сомонӣ дар ҳисобӣ ҷаҳонӣ

Дар сомонаи Палатаи савдо ва саноатӣ Урали Ҷанубии вилояти Челябински Русия эълоне бо унвонӣ “Ба Осиё меравем” (“Идём в Азию”) чоп шудааст.

Дар эълон омадааст, ки шахсони ҳуқуқӣ ва Соҳибкорони инфиродие, ки дар “Примсотсбонк” бо асъорҳои кишварҳои ИДМ суратҳисоб мекушоянд соҳиби имтиёзҳои гуногун мегарданд.

“Болоравии сатҳи додугирифти молу коло миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна масъалаи ба роҳмонии ҳисоб бо асъори миллиро барои ҳар як кишвари ин минтақа то рафт меафзояд”, - гуфтааст роҳбари идораи муомилоти байналмилалии ин бонк.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъор: арзиши доллар каме боло ва рубл поин рафтааст

Ҳамчунин номгӯи асъоре пешниҳод шудаанд, ки метавонанд талабгор дошта бошанд. Масалан, юани чинӣ, вони кореягӣ, тангаи қазоқӣ, доллари сингапурӣ ва ё ҳонконгӣ.

Аммо то куҷо имониятӣ ҷори кардани сомонӣ ба муомилоти байналмилалӣ метавонад ҳақиқат дошта бошад, кори пурмашақат аст.

Сомонӣ ба Русия ва ё Рубл ба Тоҷикистон

Тоҷикистон мехоҳад, ки сомонӣ бо дигар кишварҳо ҳангоми хариду фурӯш дар муомилот бошад. Дар ин ҳолат талаботи доллар кам мешавад, аммо низоми содиротии Тоҷикистон пешрафта нест, ба ин хотир ин кор хело душвор аст.

Тоҷикистон то молу маҳсулоташро ба дигар кишварҳо ба фурӯш набарорад ва ин маҳсулот ба хориҷиён зарурӣ набошад, сомонӣ наметавонад вориди муомилоти байналмилалӣ гардад.

Бояд қайд кард, ки бо он ҳама иқтисодиёти пеши Русия то ҳол рубли русӣ дар муомилоти байналмилалӣ қарор нагирифтааст барои сомонӣ ин хело мушкил аст.

Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси қурби асъор ва нархҳо дар маҷлиси Ҳукумат

Ба ақидаи коршинос ва таҳлилгари ширкати “Открытий Брокер” Тимур Неъматулин ин масъала бештар ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Ба ақидаи ӯ ташкилотҳои Русия метавонанд бо сомонӣ ҳисобу китоб кунанд, агар Тоҷикистон шартҳои муфид фароҳам орад, масалан, агар 10% нархи маҳсулоташро бо асъори миллӣ арзонтар ба фурӯш гузорад ин кор имкон дорад.

“Агар кишвар хоҳад, ки асъори миллӣ  ҳамчун воситаи муомилот дар сатҳи байналмилалӣ истифода шавад, бояд чорабиниҳои махсус баргузор карда шаванд. Якум, бояд қурби сомонӣ дар як сатҳи муайян қарор бигирад, дуюм роҳи пастшавии арзиши сомонӣ бояд гирифта шавад”, - мегуяд Нигматулин.

Ин шароитҳо риоя шуда истодаанд дар Тоҷикистон, танҳо диққати харидоронро бояд ҷалб кард.

“Ман гуфтанӣ нестам, ки иқтисодиёт ба чизе алоқаманд нест. Вақте, ки одамон зиндагӣ мекунанд, онҳо ҳатман бо чизе машғул ҳастанд ва ҳатман чизе истеҳсол мекунанд, ки метавонанд баҳри манфиати худ фурӯшанд, аммо кӣ мехоҳад, ки аз аз арзиши маҳсулот 10%-ро аз даст диҳад? Вақте, ки сухан дар бораи асъори экзотикии дорои таърихи кутоҳ меравад, барои ба муомилоти байналмилалӣ баровардани он вақт, беқурбшавии сатҳи паст ва ҳамкории дуҷонибаи рушдёфта лозим аст”, - гуфт коршинос.

Вас могут кинуть в обменках Бишкека — как это происходит - Sputnik Тоҷикистон
Биёед пулатонро майда мекунем: фиребдиҳӣ ҳангоми мубодилаи асъор

Кори дигар ин сохтани асъори миллӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.  

Ҳамчунин ба ақидаи иқтисодчӣ Дмитрий Болкунес, сохтани асъори ягона барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имкон дорад, аммо амалӣ шудани ин кор даҳсолаҳоро талаб мекунад.

“Рубли русӣ ва ё асъори миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонанд барои ҳисоби кардан дар байни кишварҳои аъзо истифода шаванд. Ба ин метавон аҳамият дод. Ба ҳайси мисол метавон Беларусро мисол овард. Қариб 70 дар сади тиҷорат миёни Русияву Белорус бо асъори белорусӣ ва рубл ҳисобӣ карда мешавад”, - гуфт Болкунес.

Бинои Бонки милии Тоыикистон - Sputnik Тоҷикистон
Хазинаи байналмилалии асъор метавонад “Тоҷиксодиротбонк”-ро наҷот диҳад

Ёдовар мешавем, ки аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ва то таърихи 10 майи соли 1995 дар муомилоти пулии Тоҷикистон ҳамчунон пулҳои шӯравии собиқ амал мекарданд.

Баъдан рубли тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон то тирамоҳи соли 2000 амал мекард ва 26 октябри соли 2000 пули нави сомонӣ ба муомилоти кишвар ворид карда шуд.

Дар рӯзи 10-солагии нахустин ислоҳоти пулии Тоҷикистони мустақил Бонки Миллии Тоҷикистон қурби расмии пули сомониро 3 сомониву қариб 6 дирам дар баробари 1 доллари амрикоӣ таъйин карда буд.

Лентаи хабарҳо
0