Кашфи 15 саррофии ғайриқонунӣ, оғози 326 парванда алайҳи долларҷаллобон ва қурби расмӣ

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани 326 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахираи палатаи болоии парлумон иттилоъ дод, ки барои нақзи қонун зимни муомилот бо асъор алайҳи гунаҳкорон 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

“Фаъолияти 15 нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор қатъ карда шуд”, - таъкид дошт додситони кул.

Ин дар ҳолест, ки корафтодагон дар Тоҷикистон мегӯянд, пайдо кардани асъори хориҷӣ бо қурби расмие, ки бонкҳо нишон медиҳанд, амри муҳол аст.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз, 8 апрел қурби расмии 1 доллари ИМА — 9,4385 сомонӣ, 1 евро – 10,6042 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1443 сомониро ташкил медиҳад.

Дар мавриди қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақди Тоҷикистон, манбаъ афзуд, ки имрӯз қурби 1 доллари ИМА аз 9,4385 то 9,4400 сомонӣ муқаррар шудааст. Ба иттилои Бонки миллӣ, қурби фурӯши асъори дигар дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон, аз ҷумла 1 евро аз 10,6042  то 10,6500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0,1443 то 0,1460 сомонӣ муқаррар шудааст.

Монета один сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишуда кам иҷро шудааст

Аммо ниёзмандони доллар дар кишвар мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар дар саррофиҳои Тоҷикистон амри муҳол аст ва арзиши аслии доллар болотар аз ин нишондод мебошад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба камбуди асъори хориҷӣ таъкид карда, ба масъулин барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.

Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0